Шаш нафар бар асари як садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расиданд
Чоп шуд: 01/05/2023 | adminИн ҳодиса соати 04:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Ба Қисми навбатдоии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як мошин дар километри 154-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз қаламрави ноҳияи Айнӣ убур мекунад, ба ҷарӣ сарозер шуд.