Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон шабонарӯзи оянда дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатар омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч вуҷуд дорад.
Ғайр аз ин рӯзҳои 16-19 августи соли 2024 дар ноҳияҳои ҷанубу ғарбӣ ва марказии вилояти Суғд дар натиҷаи тағйирёбии обу ҳаво тӯфони гарду ғубор пешбинӣ шудааст. Ин метавонад боиси олудагии ҳавои атмосфера бо маводи муаллақи (гарду ғубор) ҳиссачаҳои андозаи 10 мкр (Pm-10) ва 2,5 мкр (Pm-2,5) гардад.
ЧАНД ТАВСИЯ БА АҲОЛӢ БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҲОДИСАҲОИ НОХӮШ ДАР ЧУНИН ҲОЛАТҲО:
1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.
2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.
3. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.
4. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.
Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:
- меъёри доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;
- ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;
- агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулодда бо рақами 112 ва ё телефонҳои Қисми навбатдорӣ: 223-13-11, 93 880 28 19 занг занед.