Чаро замин рӯ ба гармои шадид овардааст? Илм чӣ мегӯяд? Бахши дуюм

Сабаби омилҳои гармои ҷаҳонӣ зиёданд, ки чанде аз онро ном мебарем ва аз нигоҳи илмӣ шарҳ медиҳем.

ПАРТОБИ ГАЗҲОИ ГУЛХОНАӢ

Асари гулхонаиро соли 1824 риёзидон ва физикдони аҳли Фаронса Жозеф Фурйе кашф кард ва бори аввал аз нуқтаи назари миқдорӣ онро физикдон, кимиёшинос ва ахтарфизикдони шведӣ Сванте Аррениус соли 1896 мавриди омўзиш қарор дод.

 Тақрибан нисфи тамоми газҳои гулхонаӣ, ки бар асари фаъолияти инсон партоб мешаванд, дар атмосфера боқӣ мемонанд. Ҳудудан аз чор се ҳиссаи тамоми партобҳои антропогении гази карбон дар давоми 20 соли охир дар натиҷаи истихроҷ ва сўхтани нафт, гази табиӣ ва ангишт ба вуҷуд омада, ки ҳудуде ниме аз ҳаҷми партобҳои гази карбонати антропогенӣ тавассути пўшиши гиёҳии замин ва уқёнус ҷудо шудааст.

Бештари партобҳои боқимондаи CO2 дар натиҷаи тағйирёбии ландшафт, пеш аз ҳама буридани ҷангалҳо ба вуҷуд меоянд. Мувофиқи маълумоти Гурўҳи байнидавлатии таҳлилгарони тағйири иқлим (IPCC, ГБТТИ) то сеяки партобҳои антропогении CO2 аз бар асари ҷангалзудоӣ мебошад. Тақрибан чаҳоряки тамоми газҳои гулхонаӣ аз фаъолияти кишоварзист.

НУФУЗИ САРВАТМАНДОН

Бино ба маълумоти созмонҳои байналмилалии имдодрасонӣ барои решакан кардани фақр, гуруснагӣ ва беадолатӣ Oxfam ва Муассисаи муҳити зисти Стокҳолм (Stockholm Environment Institute) соли 2015-ум  50% партобҳои CO2 бар дўши 10 дарсад сарватмандони олам буд.

ГАРДИШ Ё ЧАРХАҲОИ МИЛАНКОВИЧ

Чархаҳои Миланкович (анг. Milankovitch cycles) ба он даста аз ҳаракоти Замин мегўянд, ки бар рўи иқлим таъсир мегузоранд. Номи ин чархаҳо аз номи астрофизики серб Милутин Миланкович гирифта шудааст. Ў солҳои 20-уми асри 20 чунин фарзияро пешниҳод карда буд, ки тағйироти мунтазам ва табиии шакли мадори Замин ва ҷиҳати меҳвари чархиши он боиси тағйирёбии даври афтиши радиатсияи хуршедӣ ба Замин мешавад ва ин тағйирот фарорасии давраи яхбандиро муайян мекунад.

Бино ба гуфтаи ў давраи гардиши ҳаракати тақдимии меҳвари Замин тақрибан 26 000 сол аст. Ҳамзамон, бо ин падида чархиши мадори Замин дар атрофи Офтоб, ки шакли байзавӣ (тухмшакл) дорад (бо эксентриситети 0,01671) бо суръати хеле паст сурат мегирад. Ин гардиш боис мегардад, ки ҷойи фаслҳо дар тули 21 000 сол иваз шаванд. Илова бар ин, кунҷи байни меҳвари Замин ва ҳамвории мадори он (эклиптика ё доирутулбуруҷ), ки дар ҳоли ҳозир 23,44° будаву рӯ ба коҳиш аст, бо давраи 41 000 сол байни 22,10 то 24,50 тағйир мекунад. Падидаи охирини ин гурўҳ эксентриситети мадори байзавии Замин бо давраи гардиш аз 100 то 400 ҳазор сол аст.

Натиҷаи умумии ин тағйирот ба лаппиши даврии собити офтобӣ меорад, ки дар натиҷа афтиши энергияи офтобӣ ба сатҳи саёраи Замин каму беш мегардад. Ин тағйирот дар афтиши энергияи офтобӣ дар навбати худ дар ҳадди миёнаи дараҷаи ҳарорати сатҳи сайёраи Замин таъсир гузошта, сабаби тағйири иқлим дар навоҳии гуногуни сайёраи Замин дар дарозмуддат мешавад.

ОТАШФИШОНХЕЗӢ (ВУЛКАНИЗМ)

Як оташфишонии шадиди вулқон метавонад ба иқлим таъсир расонад ва боиси сардии чанд соли оянда шавад. Масалан, оташфишонии кўҳи Пинатубо (оташфишони амалкунанда дар ҷазираи Филиппинии Лусон, дар 93-километрии шимолу ғарби пойтахти Филиппин, шаҳри Манила ва 26-километрии ғарби шаҳри Анхелес) дар соли 1991 ба иқлим таъсири назаррас расонд. Таркишҳои азим, ки бузургтарин музофотҳои магматикиро ташкил медиҳанд, танҳо дар як сад миллион сол якчанд маротиба рух медиҳанд, аммо онҳо миллионҳо сол ба иқлим таъсир мерасонанд ва боиси нобудшавии намудҳо мегарданд.

Дар аввал тахмин карда мешуд, ки сабаби сардшавии он ғубори оташфишониест, ки ба атмосфера партоб мешавад, зеро он ба расидани нури Хуршед ба сатҳи Замин монеъ мешуд. Аммо андозагириҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки қисми зиёди ғубор дар давоми шаш моҳ дар сатҳи Замин ҷой мегирад.

ТАЪСИРОТИ АНТРОПОГЕНӢ

Омилҳои антропогенӣ фаъолияти инсонро дар бар мегиранд, ки муҳити зистро тағйир медиҳанд ва ба иқлим таъсир мерасонанд. Дар баъзе мавридхо алоқаи сабабу натиҷа бевосита ва ҳамсон аст. Ба ин бахш фаъолиятҳои зиёде дохил мешаванд, ки ҷангалзудоӣ, даштсўзӣ, биёбоншавӣ ва партоби газҳои гухонаӣ, ки болотар ба он ишора кардем, аз ин қабиланд.

Барои мисол дар қаламрави Русия ҳарорати миёнаи солона нисбат ба ҳарорати миёнаи сайёра 2,5-2,8 маротиба тезтар меафзояд. Қаламрави Шимолгони Русия, хусусан нимчазираи Таймир, аз ҳама тезтар «гарм мешавад». Дар соли 2020 Русия дар ҳаҷми умумии партобҳои гази карбон дар олам дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

Маврид ба таъид аст, ки омилҳои антропогенӣ танҳо бастаи таъсири табиии инсон набуда, ба таъсирҳои сунъӣ низ алоқаманд аст.

 (Манбаъ:  Почему климат в России теплеет в два раза быстрее, чем в мире. Российская газета. Дата обращения: 24 мая 2022).

ЯХБАНДӢ

Донишмандони сартоосари олам пиряхҳоро осебпазиртарин дар тағйири иқлим медонанд. Пиряхҳо ҳангоми сардиҳо ҷисман бузург мешаванд ва ҳангоми гармо батадриҷ об шуда, ҳаҷман хурд мегарданд. Дар асри ХХ пиряхҳо муваффақ ба ин нашуданд, ки дар зимистон ҳаҷми талафдодаи худ дар тобистонро дубора барқарор кунанд.

Муҳимтарин равандҳои иқлимӣ дар тули чанд миллион соли гузашта ин пайдарпайии давраҳои яхбандон (даврони яхбандон) ва давраҳои байни яхбандон (байни яхбандиҳо)-и асри яхбандони кунунӣ аст, ки дар натиҷаи тағйир дар мадор ва меҳвари замин эҷод мешавад. Тағйирот дар вазъияти яхҳои қора ва калавиши сатҳи баҳр то 130 метр аз пайомадҳои калидии  тағйироти обу ҳавоӣ дар бештар манотиқ аст.

НОУСТУВОРИВУ ТАҒЙИРЁБАНДАГИИ УҚЁНУСИ ОЛАМ

Дар миқёси даҳсола, тағйирёбии иқлим метавонад аз таъсири мутақобилаи атмосфера ва уқёнусҳои ҷаҳонӣ ба вуҷуд ояд. Тағйирёбии зиёди иқлим, аз ҷумла ларзишҳои ҷанубии Эл-Ниню ва ларзишҳои Атлантикаи Шимолӣ ва Арктикӣ, қисман ба далели қобилияти захира кардани энергияи гармии уқёнусҳои ҷаҳонӣ ва ҳаракати ин энергия ба қисматҳои гуногуни уқёнус ба амал меояд. Дар миқёси васеътар, гардиши термохалин (анг. Thermohaline circulation - гардиши гаромошӯр, гардиши термохалин. Ҷараёнҳои умдаи об дар уқёнусҳо ва баҳрҳо. Ҳарорати об ва дарсади шӯрии он) дар уқёнусҳо ба вуҷуд меояд, ки дар тақсимоти гармӣ нақши калидӣ дорад ва метавонад ба иқлим таъсир расонад.

(Идома дорад)

Бо истифода аз матолиби илмии чопшуда дар Интернет таҳия ва танзими Бобоҷон Шафеъ

барчасп: