Илм ва фанноварӣ

Таҳлили омори рӯйдодҳо ва шумори куштаҳои офоти табиӣ дар ҷаҳон

Дар таърихи башар бар асари офатҳои табиӣ одамони зиёде ба ҳалокат расиданд ва имрӯз мутаассифона, ҳеч омори дақиқи маргумир дар ин ҳаводис вуҷуд надорад. Донишмандон ба омӯзиши омилҳои офоти табиӣ ва шумори қурбониёни он хеле дер оғоз карданд. Аммо бовуҷуди ин илм ба суоли боло то ҷойе посух дорад. Маркази таҳқиқоти эпидемологии офатҳо (Centre for Research on the Epidemiology of Disasters, CRED) – як воҳиди таҳқиқотиест, ки дар донишгоҳи Лувенски (UCLouvain) Брюсел амал мекунад. Ин Марказ таърихи ҳамагӣ сисолаи таҳқиқотӣ дорад ва офоти табиӣ, низоъ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад.

 CRED ҳамасола омори куштаҳои табиат (Natural Disasters Around the World)-ро расонаӣ мекунад. Тибқи омори ин бунгоҳи пажӯҳишӣ миёни солҳои 2010-2019 бар асари балоҳои табиӣ дар саросари олам ҳар сол наздик ба 600 000 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин ҳамагӣ 0,1% маргумири солона дар олам аст. Гузашта аз ин ҳамасола бар асари офоти табиӣ бештар сокинони ИМА, Чин ва Ҳинд, ки мамолики пурҷамъияти ҷаҳон маҳсуб мешаванд, одамон ба ҳалокат мерасанд. 

Дар гузаштаи начандон дур хушксолӣ ва обхезӣ аз ҷумлаи маргбортарин офатҳои табиӣ дониста мешуд. Аммо башар батадриҷ роҳҳои мубориза бо хушксолиро пайдо кард. Дар айни замон заминларза марговартарин падида дар миёни ҳамаи офатҳои табиӣ ба шумор меравад. Чунончи, аз соли 2010 то 2019 267 480 нафар дар заминларзаҳои олам ҷон бохтаанд. Бар асари дамои гарм 74 244 нафар, дар обхезиҳо 50 673 ҳалок шудаанд. Тундбоду тӯфонҳо 27 632 нафарро куштанд. Бар асари хушксолӣ 20 120, дар селҳо 10 109 ва дар вулқонҳо 1 363 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар умум тӯли солҳои ёдшуда дар олам бар асари офоти табиӣ 452 ҳазору 602 нафар ба ҳалокат расидаанд. 

Таъсири гармо ба уқёнусҳо. Донишмандон мегӯянд ҳоло ин аввали кор аст

Гармои тобистони имсол соле қабл набуд ва ин ҳақиқати маҳзро ҳама метавонанд тасдиқ кунанд. Дар Тоҷикистон шояд ҳеч соле дар як даҳсолаи охир ба мисли имсол набуд, ки тобистонаш аз селҳо фаровон бошад, борони шадидаш хонаву роҳҳоро хароб кунад. Дамои ҳаво дар баъзе манотиқ тобистони имсол аз 50 дараҷа боло рафт ва ин об шудани пиряхҳоро тезонд.
Моҳи июл дар саросари олам гармтарин моҳи сол буд. Аммо

Донишмандон сабабҳои илмии гармшавии бесобиқаи об дар уқёнусҳои оламро намедонанд. Ин чӣ паёмад хоҳад дошт?

Гармоиши башиддати уқёнусҳо донишмандонро нигарон кардааст ва онҳо ба ин назаранд, ки ин раванд метавонад ба гармшавии иқлим бештар муосидат кунад.

Моҳи апрели соли равон оби уёнусҳо ба ҳадде гарм шуд, ки дар гузашта, аз замони мушоҳидаҳо ба ин ҳад гарм нашуда буд. Олимон ҳоло намедонанд, чаро ин ҳолат пеш омадааст, вале аз он гигаронанд, ки ин метавонад охири соли оянда...

Ташаббуси Тоҷикистон. Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо. Бахши шашум

Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо

Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Ташаббуси Тоҷикистон. Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо. Бахши панҷум

Назарияи яхшиносӣ, таърих ва рушд

Яхшиносии имрӯза дар нимаи аввали асри XIX пайдо шудааст. Асосгузори назарияи яхшиносӣ Жан Луис Агасис буд. Вай соли 1839 навишт: “Инкишофи ин яхбандиҳои азим мебоист боиси нобуд шудани тамоми ҳаёти зинда дар рӯи замин мешуд. Сарзаминҳои Аврупо,

Страницы