Дар таърихи башар бар асари офатҳои табиӣ одамони зиёде ба ҳалокат расиданд ва имрӯз мутаассифона, ҳеч омори дақиқи маргумир дар ин ҳаводис вуҷуд надорад. Донишмандон ба омӯзиши омилҳои офоти табиӣ ва шумори қурбониёни он хеле дер оғоз карданд. Аммо бовуҷуди ин илм ба суоли боло то ҷойе посух дорад. Маркази таҳқиқоти эпидемологии офатҳо (Centre for Research on the Epidemiology of Disasters, CRED) – як воҳиди таҳқиқотиест, ки дар донишгоҳи Лувенски (UCLouvain) Брюсел амал мекунад. Ин Марказ таърихи ҳамагӣ сисолаи таҳқиқотӣ дорад ва офоти табиӣ, низоъ дар ҷомеа, пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодаро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. CRED ҳамасола омори куштаҳои табиат (Natural Disasters Around the World)-ро расонаӣ мекунад. Тибқи омори ин бунгоҳи пажӯҳишӣ миёни солҳои 2010-2019 бар асари балоҳои табиӣ дар саросари олам ҳар сол наздик ба 600 000 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин ҳамагӣ 0,1% маргумири солона дар олам аст. Гузашта аз ин ҳамасола бар асари офоти табиӣ бештар сокинони ИМА, Чин ва Ҳинд, ки мамолики пурҷамъияти ҷаҳон маҳсуб мешаванд, одамон ба ҳалокат мерасанд. Дар гузаштаи начандон дур хушксолӣ ва обхезӣ аз ҷумлаи маргбортарин офатҳои табиӣ дониста мешуд. Аммо башар батадриҷ роҳҳои мубориза бо хушксолиро пайдо кард. Дар айни замон заминларза марговартарин падида дар миёни ҳамаи офатҳои табиӣ ба шумор меравад. Чунончи, аз соли 2010 то 2019 267 480 нафар дар заминларзаҳои олам ҷон бохтаанд. Бар асари дамои гарм 74 244 нафар, дар обхезиҳо 50 673 ҳалок шудаанд. Тундбоду тӯфонҳо 27 632 нафарро куштанд. Бар асари хушксолӣ 20 120, дар селҳо 10 109 ва дар вулқонҳо 1 363 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар умум тӯли солҳои ёдшуда дар олам бар асари офоти табиӣ 452 ҳазору 602 нафар ба ҳалокат расидаанд. Созмони ҳавошиносии ҷаҳонӣ, муталлиқ ба СММ шумори куштаҳои офатҳои табиӣ дар 50 соли ахирро беш аз 2 миллион нафар эълон кард. Дар натиҷаи тағйироти харобиовари обу ҳаво аз соли 1979 то 2021 11 778 ҳодисаи фавқулодаи харобиовар сабт шудааст, ки ба хоҷагии халқи кишварҳои мухталиф 4,3 трилион доллар хисорат овардааст. Ин созмон гуфтааст, ки наздик ба 90% аз 2 миллион ҷонбохтагон дар 50 соли охир дар кишварҳои рӯ ба инкишоф будааст. Масалан, дар Африқо аз соли 1970 то 2021 1,8 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 733,5 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. Хушксолӣ дар минтақа сабаби 95% маргумир шудааст. Дар Осиё зарфи 51 сол 3,6 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст, ки дар он 984,2 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Дар ин минтақаи олам тайфунҳо аз ҳама бештар сабаби марги одамон шудаанд. Дар Амрикои Ҷанубӣ дар ин муддат 943 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 58,4 ҳазор нафар ҷон бохтаанд. 61% марги одамон дар натиҷаи обезиҳо рух додааст. Дар Амрикои Шимолӣ ва Марказӣ, ҳамчунин давлатҳои ҳавзаи Кариб 2,1 ҳазор офати табиӣ сабт шудааст, ки дар он 77,4 ҳазор нафар кушта шудаанд. Дар ҳисоботи Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ сабаби марги одамон дар минтақа дақиқ нишон дода нашудааст, вале ба тӯфонҳо бештар ишора кардаанд. Дар қисмати Ҷанубу ғарби уқёнуси Ором дар 51 сол 1,49 ҳазор офати табиӣ сабт шудааст ва 66,9 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Боз ҳам сабаби асосии маргумир дар минтақа тӯфонҳои пурдаҳшати тропикӣ унвон шудааст. Дар Аврупо тӯли ин солҳо 1,7 ҳазор офати табиӣ сабаби марги 166,4 ҳазор нафар шудааст. Сабаби ҳалокати аксари ин одамон гармои шадид унвон шудааст. Ин созмон ҳамчунин гуфтааст, ки беш аз 60% аз 4,3 трилион зарари иқтисодӣ ба кишварҳои сарватманд тааллуқ доштааст. Аз ҷумла, ИМА дар 51 сол 1,7 трилион доллар аз офатҳои табиӣ зарар дидааст. Дар оморҳои расонаикардаи ин Созмон дар бораи офатҳои табиии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳеч рақаме дида нашуд. Шояд ин оморҳо аз назари расонаҳое, ки ин ҳисоботро мухтасар интишор доданд, дур монданд. Пас суоле ба миён меояд, ки вазъ дар Тоҷикистон чи гунаа аст? Ниҳоде, ки офатҳои табииву техногенӣ дар кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад, ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар наздиктарин фурсат назари коршиносони ин ниҳодро дар ин бора мунташир хоҳем кард. Таҳияи Бобоҷон Шафеъ