КҲФ аз хатари тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳушдор медиҳад. Ронандагон эҳтиёт кунед!!!
Чоп шуд: 14/03/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки то 17-уми марти соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳию-доманакӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 48-74-ум) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма пешгӯӣ мешавад.