Наврӯз дар Хатлон
Чоп шуд: 23/03/2025 | redaktor
20-марти соли 2025 дар Раёсат бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҷашни иди “Наврӯз” таҷлил карда шуд. Аз тарафи ҳайати шахсии шуъбаҳо, марказҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ба намоиш гузоштани ҳунарҳои мардумӣ, оростани хони наврузӣ бо ҳафтсину ҳафтшин, пухтани хуроку таомҳои миллӣ, хуришу шириниҳо омода карда шуда, ба марази иштирокчиён гузошта шуд.