Activities calendar

11 марти 2025

Ҳушдори КҲФ аз хатари тарма дар роҳҳи кишвар

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи  муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзҳои 12 то 14 марти соли ҷорӣ дар баъзе минтақаҳои кӯҳию-доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-ум) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари лағзиши тарма пешгӯӣ мешавад.

Иллати ин зуҳурот гарм шудани дамои ҳаво баъди сардиҳову бориши барфҳои шадид дар саросари кишвар мебошад.

Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири ШМА дар Тоҷикистон

11 марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мануэл Микаллер вохӯрии арзи адаб анҷом дод.