Activities calendar

13 марти 2025

КҲФ ва ЮНИСЕФ аз идомаи ҳамкориҳо гуфтанд

13 марти соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сарвари Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артур Ван Дизен мулоқот кард.

Ҳадафи ин дидор баррасии татбиқи лоиҳаҳои якҷоя, имзои Нақшаи муштараки корӣ миёни КҲФ ва ЮНИСЕФ дар солҳои 2025-2026 буд.

Мулоқоти генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо хонум Наталия Алонсо Кано

13-уми марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-полковник  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Роҳбари дафтари минтақавии Аврупо ва Осиёи Марказии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои СММ (UNDRR) Наталия Алонсо Кано баргузор шуд.

Хабарҳои рӯзи гузашта. Аз садамаи мошин дар Роштқалъа то роҳбандиҳои тарма дар роҳҳои ВМКБ ва сел дар Вахш

12 марти  соли 2025, тахминан соати  07:20 дақиқа дар километри 15-уми роҳи автомобилгарди Хоруғ-Роштқалъа, мавзеи Дусчини деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Қ.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа, бар асари резиши сангу рег автомашинаи мусофиркаши тамғаи “Чанху” дучори садама шудааст.
Бино ба хабари расида ин мошин аз ҷониби як сокини 35-солаи деҳаи Тавдеми ҷамоати деҳоти Қ.Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа идора мешуд ва ҳангоми садама бо ронанда чор нафари дигар ҳам менишастанд. 

Машқҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд

 Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси барқияи телефонии Кумита аз 31-уми январи соли 2025, №7/1-18 бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷалби аҳолии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва техникаҳои муҳандисии сохторҳои дахлдор машқҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ, ҳашар гузаронид. 

Мулоқоти Раиси Кумита бо Намояндаи тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон

12 марти соли 2025 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Коренков Евгений Анатолевич вохӯрии арзи адаб анҷом дод.

Дар рафти вохурӣ масъалаҳо вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки Намояндагии тиҷоратии Россия дар Тоҷикистон барои мустаҳкам ва рушд намудани заминаи моддию техникии Кумита минбаъд низ ҳамкорӣ менамояд.