Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти кори комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳолатҳои фавқулодда идома дорад, ки дар он намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Панҷакент, Шаҳристон ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд, инчунин дар ноҳияҳои Варзоб ва Шаҳринав бо иштироки раисони Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда – роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо, ҷаласаҳои комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардида, дар он натиҷаҳои кори муштараки тамоми хадамот ва звеноҳои ноҳияҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар як соли охир ва вазифаҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ғайр аз ин, натиҷаҳои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагии саривақтии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ ба чорабиниҳои мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», ҳисоботи раисони комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда оид ба корҳои анҷомдодашуда дар соли 2021, рафти иҷрои “Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2030” ҷамъбаст шуданд.
Дар ҷаласа намояндагони комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда ва воҳидҳои ҳудудии Низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти мудофиаи гражданӣ, роҳбарони иншооти иқтисодӣ, раисони ҷамоату маҳаллаҳо иштирок доштанд.
Инчунин, дар ҷаласаҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда дар самти пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ, омодасозии хизматрасонӣ ба зимистон ва мавҷудияти воситаҳои техникӣ масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Дар хотимаи мачлисҳо карорҳои дахлдор кабул карда шуда муҳлату вақти иҷрои онҳо нишон дода шуданд.