Activities calendar

22 декабря 2021

Ду рӯйдоди рӯзи гузашта

Рӯзи гузашта соати 16:25 дақиқа як сокини шаҳри Душанбе хабар дод, ки дар кӯчаи Маяковскии пойтахт писари ноболиғаш ҳангоми бозӣ дар майдони тафреҳии назди бино дар алвончак дармондааст. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва соати 17:02 шаҳрвандро наҷот доданд ва солим ба волидонаш супурданд.

Дар КҲФ Паёми солонаи Сарвари давлатро шуниданд

21 декабри соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи раёсату шуъбаҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.

Ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Кумита дар толори маҷлис ҷамъ омад ва гузориши мустақими...