Activities calendar

28 декабря 2021

Ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи Роғун

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун натиҷаи фаъолияти яксолаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳрро ҷамъбаст кард. Дар ҷаласа муовини соҳавии раиси шаҳри Роғун Сафарализода Қудратулло, муовини сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ-сардори Раёсати оперативӣ ва банақшагирӣ полковник...

Тақдими туҳфаҳои солинавии Сардори давлат

Дар остонаи ҷашни Соли Нав аз номи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии КҲФ, сарбозони  қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин хизматчиён ва нафақагирони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои солинавӣ ва  маводи ғизоӣ тақдим шуд.

Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар КҲФ

Имрӯз, 28 декабр, бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Соли нави 2022 баргузор шуд.

Дар ин ярмарка маҳсулот аз қабили гӯшт, биринҷ, картошка, лиму, нахуд ва асал ба фурӯш гузошта шуд.