20 апрели соли 2023 дар шаҳри Деҳлии Нав ҷаласаи роҳбарони идораҳои давлатҳои узви СҲШ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода ширкат намуд.
Ҳамчунин дар ин нишаст роҳбарон ва ҷонишинони идораҳои зидахли кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон дар масъалаҳи пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷии муқими Деҳлӣ иштирок намуданд.
Ҷонишини Раиси КҲФ, генерал-майор Сулаймон Исозода дар бораи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар доираи СҲШ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст, ҳиссаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар расонидани кӯмак ба аҳолии аз офатҳои табиӣ осебдида марӯза кард.
Ғайр аз ин генерал-майор С.Исозода бо роҳбарони идораҳои наҷоти Ҳинд ва ҶМЧ мулоқот намуд. Дар ин вохӯриҳо дар бораи дурнамои ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар чаҳорчӯбаи ШОС табодули афкор сурат гирифт.