Activities calendar

01 апрели 2023

Заминларзаи субҳи имрӯз. Бидуни талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии назди АМИТ субҳои рӯзи 1-уми апрели соли равон соати 05:17 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 132 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 51 километр шимолу шарқ дар қаламрави ноҳияи Рашт буд.

Бино ба иттилои манбаъ қувваи заминларза дар маркази он 3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Ҳалокати як писари ҳафтсола дар сели ноҳияи Муъминобод

31 – уми моҳи марти соли 2023 тахминан соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳҳо чорвобонӣ мекард, зери сел монж ва ба ҳалокат расид. Ин сел бар асари борони пуршиддат аз доманакӯҳҳо ҷорӣ шуд.

Ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо ва ба волидонаш супурда шуд.