Activities calendar

11 апрели 2023

Заминларза дар Тоҷикистон

Бино ба хабари Хадамоти геофиикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 апрели соли 2023, соати 10:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 290 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 30 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ буд. 

Партоби 13 мушаки зиддижола ба сӯи абрҳои жолазои минтақаҳои кишвар

Хадамоти жолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз партоби 13 мушаки зидди жола дар фазои боронии ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ёвон дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Дар гузориш гуфта мешавад, ки партоби ин миқдор мушак имкон дод аз 5 ҳодисаи резиши жола, ки метавонист саҳроҳои киштро фаро гирад ва ба кишоварзон зарар расонад, бартараф карда шуд.

Резиши санг дар роҳи Лаби Ҷар-Сангвор. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

10 апрели соли 2023 соати 17:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 12-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар – Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд. Барои роҳандозии корҳои бартараф кардани паёмадҳои ин офат техникаи махсуси Вазорати нақлиёт ҷалб ва роҳ соати 00:55 11-апрели соли равон пурра аз регу сангу шағал тоза карда шуд.

Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба ду самти имконпазир гардид. Ин сангрезиш талафоти ҷониву хисороти дигар надошт. 

Боронҳои пуршиддати имрӯзу рӯзи дигар. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки боришот дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон рӯзҳои 11-12 апрели соли равон идома мекунад. Хатари омадани селҳо ҳамоно вуҷуд дорад.