Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки боришот дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон, Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон рӯзҳои 11-12 апрели соли равон идома мекунад. Хатари омадани селҳо ҳамоно вуҷуд дорад.
Дар шабонарӯзи наздик дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, баланд шудани сатҳи об, резиши санг аз кӯҳҳову доманакӯҳҳо, ярч эҳтимол дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита аз шаҳрвандони бо эҳтиром хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд
Ҳамчунин рафтан ба саҳрову дашт, доманакӯҳҳо ҷиҳати ғунучини ҳезуму гиёҳони шифобахш низ маслиҳат нест.
Кумита ҳамчунин тавсия медиҳад, ки аҳолӣ сари вақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо пок кунанд, то ба гузари сел монеъ эҷод нашавад ва ба хонаҳову киштзори сокинон ворид нашавад.