КҲФ аз оғоз то ба имрӯз. Руҷуъе ба таърихи ҳудудан садсола

Донистани таърих амри савоб аст. Ва бояд таърихро омӯхт, то аз гузашта сабақ гирифт, бояд омӯхт, то ояндаро сохт. Ва Кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таърихи шуниданиву хонданӣ дорад, ки бояд донист.

  Мудофиаи гражданӣ аввалин саҳифаҳои худро дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон дар моҳи марти соли 1918 дар таърих сабт намуд.

         Дар баробари пайдо шудани ҳавопаймоҳои ҳарбӣ, аввалин чораҳои муҳофизати аҳолӣ андешида шуданд. Сабаби асосӣ он буд, ки душман бо ҳавопаймоҳои худ ба ақибгоҳҳои қувваҳо аз боло ҳуҷум намуда, анборҳо, захираҳои эҳтиётиро бо зарбаҳои худ несту нобуд карда, қувваҳои ҷангӣ ва таъиноти чорабиниҳоро аз байн мебурд.

         Аввалин номи мудофиаи гражданӣ МЗҚҲМ (мудофиаи зидди қувваҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ) МПВО (местная противоздушная оборона) буд, ки соли 1918 то соли 1961 ин номро нигоҳ дошт. Ҳар қадар, ки қувваҳои мураккабтар пайдо мешуд, ҳамон қадар қувваҳои мудофиавии ақибгоҳ беҳтар мегардид. Ситод ва хадамоти мудофиаи гражданӣ дар доираи 500 км дур аз сарҳад ташкил карда шуда, вобаста ба қувваҳои ҳавоии душман ва баъдан инкишофи онҳо чорабиниҳои мудофиавӣ низ тағийр меёфтанд.

             Шурои комиссарони халқ, 4 октябри соли 1932 «Низомномаи нави Ҳокимияти Советӣ»- ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он МЗҚҲМ чун қисми мустақили системаи умумии мудофиаи қувваҳои ҳавоӣ дониста шуд. То давраи ҷанги дуюми ҷаҳон (1939 - 1945) ҳуҷҷату нишондодҳои хеле зиёде оиди инкишофи ин соҳа тасдиқ ва амалӣ шуданд.

         Дар соли 1956 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ ду нафар оид ба мудофиаи гражданӣ фаъолият менамуд ва ситоди мудофиаи гражданӣ дар ҷойи бинои ҳозираи дўстии халқҳо қарор дошт.

Афсарони Ситоди мудофиаи гражданӣ

         Амалиётҳои фаъолонаи МЗҚҲМ дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дод ва исбот намуд, ки ин соҳа хеле зарур аст. Аз ҷумла қувваҳои МЗҚҲМ 30 ҳазор ҳуҷумҳои ҳавоии душманро тавонистанд бартараф намоянд. Яъне 32 ҳазор садамаҳои калон, 430 ҳазор гулулаҳои ҳавоӣ, қариб 2,5 миллион гулулаҳои рўизаминӣ ва зеризаминиро бехатару бартараф гардониданд. Зиёда аз 90 ҳазор сўхторҳо бартараф карда шуданд.

         Баъди солҳои баъди ҷангӣ, ин соҳа оҳиста – оҳиста инкишоф ёфт.

Баъд аз пайдо шудани силоҳи ҳастаӣ, (атомӣ), ядроӣ, нейтронӣ, ҳавопаймоҳои дурпарвоз чорабиниҳои мудофиаи гражданиро новобаста ба доираи  ҷойгиршавиашон аз сарҳад дар тамоми маконҳо амалӣ мекарданд. Дар ин давра роҳбариро аз болои Қувваҳои МЗҚҲМ Вазири корҳои дохилӣ ба ўҳда дошт.

         Дар моҳи июли соли 1961 МЗҚҲМ номи худро ба мудофиаи гражданӣ табдил дод ва худи ҳамон сол сохтори таркибии он тағйир ёфта, мувофиқи талаботи замона ташкил карда шуд.

         Дар замони Шўравӣ устувор нигоҳ доштани ҳолати маънавӣ – рўҳии қувваҳои мудофиаи гражданӣ аз тарафи Комитети Марказии ҳизби Комунистӣ роҳбарӣ карда мешуд.

         Аввалин сардори Ситоди мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майор Матвиенко В.Н. буд, ки соли 1967 ин вазифаро ба ўҳда дошт. Аз соли 1987 то соли 1991 ин вазифа бар души генерал – майор Ниёзов Ф.Р. вогузор шуд.

         Бо фармони Раиси Кумитаи мудофиа 7- октябри соли 1992 № 52 дар асоси қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 – уми сентябри соли 1991 №УП – 188 «Дар бораи таъсис додани Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Кумитаи мудофиа, комиссарияти ҳарбӣ ва Ситоди мудофиаи граждании Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

         Афсарони Ситоди мудофиаи гражданӣ баъд аз бартараф намудан ҳолати фавқулодда

Солҳои 1992-1994 дар таркиби Комитети мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди мудофиаи гражданӣ амал мекард. Мувофиқи қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 №400 дар заминаи Ситоди мудофиаи гражданӣ  Кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.


Сардори мудофиаи гражданӣ Раҳмон Набиев ҳангоми гузаронидани машқҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ

Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1239-а 2 июли соли 1999 «Дар бораи таъсиси Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва 6 июли соли 1999 мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумитаи оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 1999 Низомномаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 78 21 декабри соли 1999 Зиёев Мирзо Аҳмадович Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Аз аввали соли 2000 фаъолияти роҳбарият ва ҳайати шахсии  вазорат ба рушди соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда равона карда шуд. Дар муддати кўтоҳ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ба фаъолияти вазорат дахлдошта, аз нав дида баромада шуда лоиҳаи қарор ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи  мутахассисони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида буданд,  қабул шуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1663 моҳи апрели соли 2000 ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии эвакуатсионӣ тасдиқ карда шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 202, 19 апрели соли 2001 «Дар бораи фаъолияти хадамоти мудофиаи граждании вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин қарор ба рўшди хадамоти мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбӣ расонид.

 30 апрели соли 2002 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №192 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба имзо расид. Бо ин қарор тамоми роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ аҳамияти хоса зоҳир намоянд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №296,  5 июли соли 2002 «Дар бораи тадбирҳои барқарор, тараққӣ ва ташаккули системаи огоҳкунӣ ва алоқаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қарори мазкур дар кори рушди системаи огоҳкунӣ ва алоқаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон роли муҳимро ба иҷро расонид.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2002 № 323 оиди «Масъалаҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ҳолатҳои фавқулодда» ба имзо расид. Бо ин қарор ҳайати Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи ин комиссия тасдиқ карда шуд.

         Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» 28 феврали соли 2004 ба имзо расидааст. Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқии ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян менамояд.

         Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» 15 июли соли 2004 қабул карда шуд. Қонуни мазкур меъёрҳои ташкилию ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони бидуни шаҳрвандӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  истиқоматдошта, инчунин замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табииро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти таъиноти истеҳсоливу-иҷтимоӣ ва инчунин муҳити зистро аз ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта муайян намудааст.

         Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 ноябри соли 2006 №9 бо мақсади татбиқи минбаъдаи ислоҳоти идораи давлатӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаҳои собиқ Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин сохтор вогузор карда шуд.

Айни замон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатии идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, дар бобати омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда замони осоишта ва ҷанг роҳбарии сиёсати ягонаи давлатиро анҷом дода, тамоми маҷмўи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ мудофиавӣ ва дигар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва экологӣ, садамаҳои калони истеҳсолӣ, фалокатҳо нигаронида шудаанд, инчунин ҳангоми аз ҷониби душман истифода гардидани воситаҳои ҳозиразамони зарба сар мезананд, амалӣ ва ҳамоҳанг месозад.

Кумита сохтори  ҳарбӣ буда, ба он тамоми ҳуқуқҳо, меъёрҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо қабул шудаанд, татбиқ мегардад.

Айни замон фаъолияти Кумита дар самтҳои зерин, равона карда шудааст:

- таҳияи пешниҳодот оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ вобаста ба ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, экологӣ ва дорои хусусияти техногенӣ, инчунин огоҳӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо;

- ташкили роҳбарӣ ва назорати пешбурди корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба бартарафсозии садамаҳои калони истеҳсолӣ, фалокатҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулодда;

- таъсиси системаи огоҳонии аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

         -тайёрии ҳайати шахсии нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар ҷои кор бе озод намудан аз истеҳсолот, мувофиқи барномаҳои тайёрии онҳо, ки аз ҷониби Кумита таҳия ва тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад;

         -омўзонидани хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва омўзишгоҳҳои касбию техникӣ, донишҷуёни мактабҳои олӣ, миёнаи махсус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар вақти таълим.

Дар давоми 20 сол мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ба пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гаштанд.

         Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз  ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки аз давраҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ арзи вуҷуд доштаанд ва баъд аз байн рафтани системаи мутамаркази мудофиаи граждании собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсис ёфтани Кумитаи ҳолатҳои фавдофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ривоҷ додани фаъолияти онҳо диққати махсус зоҳир карда шуда, ҳоло онҳо ба яке аз сохторҳои асосии Кумита дар ҷойҳо табдил ёфтаанд, ки ҳамарӯза баҳри омода намудани сохторҳо ва аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд.

Дар назди ситодҳои вилоятҳо минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо  Ротаи зудамали наҷотдиҳӣ мавҷуд аст, ки имрӯз дорои мутахассисони дараҷаи баланди касбӣ мебошад. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ кишвар, баъди 20 соли меҳнату машақат ситотҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ситоди минтақаи Кўлоб соҳиби бинои маъмурии замонавӣ, иншоотҳои ёрирасон ва ҳудуди кушоду зебо, бо шароитҳои фароҳам барои такмили ташакули маҳорати касбию тайёрии ҷисмонӣ гардиданд. Ситоди  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаҳои Кўлоб, Ҳисор ва Рашт аз таъмири капитали бароварда шуда, бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ бо таҷҳизотҳои нави замонавӣ аз қабили радиостанцияҳои «Кодан», компютер, лавозимотҳои махсус ва либосҳои наҷотдиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Ҳамзамон ситодҳо оид ба  ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо Сарситоди Кумита ҷиҳати омода намудани аҳолӣ ба ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногени дошта, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақа бо иштироки аҳолӣ, қувваҳои ғайриҳарбӣ, ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳо ва мақомоти идоракунии давлатӣ, машқҳои фармондеҳи Ситоди дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми ба амал омадани офатҳои табиӣ» мегузаронанд.

Умуман дар давоми 20 сол базаи моддию техникии ситодҳои вилоятӣ, минтақавӣ пурқувват гардиданд.

Дар давраи солҳои 1994 - 2014 хизматчиёни ҳарбии Кумита дар бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, расонидани кўмак ба аҳолии зарардида дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он саҳми арзанда гузошта, аз тарафи роҳбарияти давлат ва давлатҳои хориҷ борҳо қадрдонӣ карда шудаанд.

Танҳо дар давоми солҳои 2006 – 2009 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 580 офатҳои табиии ба амал омад, ки хизматчиёни ҳарбии Кумита дар бартараф намудани оқибатҳои онҳо бевосита иштирок намуда, дар болоравии иқтисодиёти мамалакат саҳми бевоситаи худро гузоштанд.

Аз қабили, офатҳои табииӣ дар ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ, Конибодом ва Ашт-и вилояти Суғд, Роштқалъа ва НОБ-и Помир-1 ВМКБ, ноҳияҳои Қумсангир ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон-и вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Рудакӣ, Турсунзода, Варзоб, Ваҳдат, Шаҳринав, шаҳри Роғун, НОБ-и Бойғозӣ баамалодмада, ки хисороти зиёдеро ба иқтисодиёти кишвар ва аҳолии ҷумҳурӣ ворид намуд, далели гуфтаҳои болост.

Дар 5 соли охир офатҳои табии миқиёсан калон ҳаҷм ба амал омаданд. Аз ҷумла:  рӯзи 29 июли соли 2006 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад, ки маркази он дар ноҳияи Қумсангир бо қувваи 5-6 балл ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷа, ба аҳолӣ, ташкилоту корхонаҳо ва хоҷагиҳои ноҳияи Қумсангир зарари ҷиддӣ расонида шуда, 1107 хонаҳо пурра ва 1464 хонаҳо қисман, ҷамъ 2571 манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони ноҳияи Қумсангир зарар диданд.

 Ҳамзамон 22 июли соли 2007, соати 3.40 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Мувофиқи маълумотҳои стансияҳои зилзиласанҷӣ заминларза дар шаҳраки Ғарм ва гирду атрофи он то 6 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балл ба қайд гирифта шуд. Мувофиқи маълумотҳои  комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳиявӣ дар натиҷаи заминларза, 207 хонаҳои истиқоматӣ пурра вайрон гардида, 1234 хонаҳои  истиқоматӣ қисман зарар диданд, ки ҷамъ 1441 хонаҳо зарари ҷиддӣ дида, маблағи зарари умумӣ 11 млн. 326 ҳазору 815 сомониро ташкил дод. Инчунин дар ҳамин рӯз, соати 14.40 дақиқа дар деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт ҷараёни сел ба амал омад, ки дар натиҷа 12 нафар истиқоматкунандагони ҳамин деҳа ҳалок гаштанд.

Инчунин, бар асари ярч ва омадани ҷараёнҳои селӣ  дар зиёда аз 40 ноҳияҳои ҷумҳурӣ офатҳои табиӣ ба амал омаданд. Аз ҷумла, рўзҳои 21-22 апрел, 9 ва 14 майи  дар ноҳияи Хуросон 229 хонаи истиқоматӣ (339 оила ва теъдоди 1667 нафар аҳолӣ), ки аз онҳо 132 хонаи истиқоматӣ  (199 оила ва теъдоди 972 нафар аҳолӣ) пурра хароб гардид. 97 хонаи истиқоматии дигар  (140 оила ва теъдоди 695 нафар аҳолӣ)  қисман зарар диданд. Айни замон барои зарардидагон  40 хонаи истикоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.Сохтмони 136 хона аз тарафи вазорату идорахои чумхурӣ, 310 хона бо кувваи худи зарардидагон ва кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода дода шуданд.

Дар давоми 10 соли охир аз тарафи наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита зиёда аз 2500 амалиёт оид ба наҷот додани шаҳрвандон аз офатҳои табиӣ гузаронида шудааст. Айни замон дар Марказ аз рўи 8 тахассус мутахассисон тайёр карда мешаванд.

Наҷотдиҳандагон ва хизматҷиёни ҳарбии Кумита  дар чунин амалиётҳо иштирок намудааанд:

  • машқҳои муштараки умумиҷаҳонии “КорпусКаз-1997” “Казспас” 2008, 2009 ;
  • ҷамъомади байналхалқии наҷотдиҳандагон (1998, Германия) (2009,Федератсияи Россия);
  • садамаи чархболи МИ-8 сарҳадбонони Россия дар дарёи Панҷ (1999);
  • садамаи чархболи МИ-8 Горди Миллии Тоҷикистон (1999);
  • таъмини амнияти интиқоли борҳои башардўстона ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (2001-2002);
  • рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда дар нерўгоҳи Бойғозӣ (2002);
  • экспедитсияи илмӣ-варзишӣ ба кўли Сарез (2003-2004);
  • корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаи Чубеки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2004-2006);
  • рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда дар ноҳияҳои Рашт ва Ашт (2007);

рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодда дар ноҳияи Хуросон (2009)

- иштирок дар машқҳои муштараки “Марз – 2005” “Норак антитерор 2009” ва ғайра.

Тамоми ҳайати шахсии Кумита ҳамарӯза дар ҳолати доимии омодабош қарор дошта, вобаста ба имкониятҳои мавҷуда барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта ҷидду ҷаҳд менамоянд.