Мулоқоти Раиси КҲФ бо иҷрокунандаи вазифаи сардори UN FAO дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 11/04/2025 | redaktor
10 апрели соли 2025 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо ҳайати Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) таҳти сарварии Иҷрокунандаи вазифаи Сардори Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (UN FAO) дар Тоҷикистон ҷаноби Агаси Арутюнян баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ баррасӣ шуданд.