Мулоқоти Раиси Кумита бо ҷаноби Торбен Брюн

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳайати Дафтари башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо (DG ECHO) ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро таҳти роҳбарии намояндаи Раёсати Иттиҳоди Аврупо оид ба кӯмаки башардӯстона ва ҳифзи намояндаи Департаменти ёриҳои башарӣ ва ҳифзи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо (EUCHR) дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, Бангкок ҷаноби Торбен Брюн ба ҳузур пазируфт.

 Дар ҷараёни вохӯрӣ  масъалаҳои ҳамкориҳо, шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Тезонидани чорабиниҳои маҳаллӣ дар шароитҳои буҳронҳои башардӯстона ва тиббӣ” дар Тоҷикистон ва зинаи анви ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаи номбурдаи Раёсати кулли масъалаҳои башардӯстона (DG ECHO) ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

 Раиси Кумита барои ҳамкориҳои фаъол ва ҳиссаи DG ECHO дар рушди механизмҳои ҳифзи шаҳрвандӣ ва ёриҳои башарӣ чӣ дар Аврупо ва чӣ дар хориҷ аз он изҳори сипос намуд ва зикр кард, ки мулоқоти имрӯза қадами муҳимест дар роҳи таҳкими ҳамкориҳо. 

Ҳамчунин генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои ҳамкорӣ ба Кумитаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорӣ кард. 

Илова бар ин, ба татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва устуворӣ дар Тоҷикистон» баҳои баланд дода шуда, ба роҳбарияти Дафтари аврупоии кӯмакҳои башардӯстона (DG ECHO) барои дастгирӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ, идоракунии офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим изҳори сипос карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати коҳиш додани хисорот ва анҷом додани корҳои назаррас дар самти пешгирӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои пешбурди самти фаъолият, рушд ва дастгирии инфрасохтори вокуниши сареъ барои наҷоти саривақтии шаҳрвандон ва дигар ҷанбаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷонибаро инкишоф диҳанд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо бори дигар ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо ва расонидани ёриҳои фаврӣ ба осебдидагон таъкид карданд.