Ҳушдор аз боришоти рӯзҳои оянда!
Чоп шуд: 07/04/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 10 апрели соли 2025 дар натиҷаи боришоти шадиди пешбинишуда дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва кӯҳу доманакӯҳҳо хатари омадани сел вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо, сафарҳои сайёҳӣ ба кӯҳу пуштаҳои худдорӣ кунанд.