Раёсати Суғд

КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд

Дар доираи таҷлили Рӯзи мудофиаи гражданӣРаёсатиКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣдар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллииҳокимият, аз ҷумла Раёсати оташнишонӣШӯъбаикорҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣХадамоти ёриитаъҷилӣ ва ризокорони Кумита ва бо дастгирии ФондиТоҷикистонии Оғохон (ФТО), дар ноҳияи БобоҷонҒафуров машқи муштараки идоракунии ҳолатҳоифавқулодда (SIMEX) баргузор карда шуд.

Машқи мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани сатҳиомодагӣ ва баланд бардоштани қобилияти вокуниш ба офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда

КҲФ-СУҒД: Ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2026

Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаи фаъолият ҷаласаи ҷамъбастии раёсат, шуъба ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар давоми семоҳаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

     Дар ҷаласа сардори Саррраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Иброҳимзода Муҳаббат, роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти қисми ҳарбии 45025-и Кумита ва  Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ куҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

КҲФ-СУҒД: ЧОРАБИНИИ ИДОНА

 Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд..

      Муовини сардори Раёсат подполковник Кучаков Ҷамшед чорабиниро ифтитоҳ намуда, афсарону прапоршикон ва хизматчиёнро аз номи Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик намуд.

КҲФ-СУҒД: ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА

 "ВАТАНДӮСТӢ АЗ БОҒЧА ШУРӮЪ МЕГАРДАД"  таҳти ин унвон оғоз гардид чорабинии идона.

     Намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд тибқи Нақша чорабиниҳо бахшида ба 33 юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкори бо шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар кӯдакистони 23 дар чорабинии идона иштирок намуданд.

КҲФ-СУҒД: Такмили дониш

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар асоси  Нақшаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе ҷиҳати семинари омӯзишӣ оид ба муаррифии Барномаи “Омода намудан ва омӯзонидани донишҷуёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда”, “Барномаи тайёр намудани аҳолии машғули кор набуда оид ба амал намудан дар ҳолатҳои фавқулодда” ва Дастурамали таълимӣ (Маслиҳатҳои амалӣ) “Амали кормандон ва кудакон

Страницы