КҲФ-Суғд: САЙҚАЛИ ДОНИШУ МАЛАКА

Дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоту идораҳо дар Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумита дар в.Суғд бо иштироки афсарони шуъбаву бахшҳои Раёсат, шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бустон ва Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита генерал-майор Иброҳимзода Муҳаббат ва дигар масъулон дар мавзӯи “Тартиби муайян намудани ҳаҷми зарар ва ҳисорот пас аз ҳолатҳои фавқулодда ва тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ” семенари омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Тибқи Ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ аз ҷониби намояндагони Кумита доир ба мавзуъҳои муайянгардида аз ҷумла: Муаррифии дастурамали методӣ “Дар бораи тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва баргузории маҷлисҳои Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда”, “Сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда“ ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034” машғулиятҳо гузаронида шуд.

Семенари омӯзишии мазкур то санаи 2-юми июли соли 2026 идома ёфта, мақсади гузаронидани чорабинӣ дар он мебошад, ки шунавандагон бояд меъёри зарурии маҳорату малакаи корбариро аз худ карда, ҳангоми тартиб додани ҳуҷҷагузориҳо пас аз рух додани ҳолатҳои фавқулодда талаботҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавиро риоя намоянд.