28 феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷонишини аввали раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикитсон оид ба коҳиши хатари офатҳо, сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Снаноглу ҷаласаи муштараки Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо ва Гурӯҳи вокуниши сареъи арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо дар ҳолатҳои фавқулодда (Гурӯҳи РЕАКТ) баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа беш аз 40 нафар роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки ҳамчун нозирони Платформаи миллӣ сабт шудаанд, ширкат намуданд.
Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи рухдода дар қаламрави кишвар дар соли 2022 ва аввали соли 2023, ҳамчунин фаъолияти наҷотдиҳандагон дар Ҷумҳурии Туркия маълумот дод. Сарвари Кумита ҳамчунин бо далелҳо миқдори кумакҳои расондаи Ҳукумати кишвар ба аҳолии зарардида ва нақши ҳамоҳангсозии КҲФ –ро ба таваҷҷуҳи ширкаткунандагони ҷаласа расонд.
Дар ҷаласа Барномаи миёнамуҳлати давлатии ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028 ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025 рӯнамоӣ шуд.
Иштирокчиён роҳҳои татбиқи чорабиниҳои ба нақша гирифтаи ин барнома ва нақшаи амали онро, инчунин ҷалби сармоя барои коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ намуданд.
Дар поёни ҷаласа миёни аъзоён ва иштирокдорони Платформаи миллӣ оид ба истифодаи самараноки маблағҳои аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудогардида ҷиҳати коҳиши хатари офатҳои табиӣ табодули афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 қабул шудааст.