Activities calendar

13 феврали 2023

Хабаргузории машҳури Анадолуи Туркия аз наҷоти кӯдаки сесола ба дасти имдодгарони тоҷик навишт

Пайгоҳи хабарии туркӣ дар бораи наҷоти кӯдаки сесола

Хабаргузории саросарии Туркия Анадолу дар гузорише аз шаҳри Қаҳрамонмаръаши ин кишвар аз рӯйдоди дирӯз, наҷоти кӯдаки сесола ба дасти имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ин хабаргузорӣ, ки аз ҷумлаи машҳуртарин хабаргузориҳои Туркия мебошад,  ахиран бо интишори расме навишт: Наҷот писари 3-сола баъди 158 соати заминларза дар...

Дидору мулоқот ва изҳори сипоси шаҳрдор ва сардори Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия бсарварони дастаи наҷоти КҲФ

12 феврали сол 2023 шаҳрдори шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Гокмен Чичек бо сарвари дастаи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- майор Сулаймон Исозода мулоқот кард.

Қайсарӣ яке аз шаҳрҳои калонтарини Туркия ва маркази маъмурии вилояти Қайсарии ин кишвар мебошад.

Муъҷизаи навбатӣ дар заминларзаи Туркия: Имдодгарони тоҷик писарбачаи сесоларо аз зери вайронаҳо зинда берун оварданд! (ВИДЕО)

12 феврали соли 2023 баъди ҷустуҷӯву кофтуковҳои зиёд бо истифода аз таҷҳизоти махсуси ҷустуҷӯи одам дар ноҳияи Оникисуботи шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон писарбачаи сесоларо бо исми Явуз аз зери вайронаҳо зинда берун овраданд.