12 феврали соли 2023 баъди ҷустуҷӯву кофтуковҳои зиёд бо истифода аз таҷҳизоти махсуси ҷустуҷӯи одам дар ноҳияи Оникисуботи шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон писарбачаи сесоларо бо исми Явуз аз зери вайронаҳо зинда берун овраданд.
Явуз муддати 158 соат зери ғарами оҳану бетон, деворҳои фурӯрафтаи бинои истиқоматӣ зинда монд! Муъҷизаи навбатӣ дар заминларзаи Туркия!
Одамоне, ки кори наҷотдиҳандагони тоҷикро тамошо мекарданд, пайғоми зинда берун омадани боз як тифлро бо нидоҳои хурсандибахш истиқбол карданд. Мегуфтӣ замину замон аз ин нидоҳо ба ларза меомад. Шодии атрофиёнро ҳадду каноре набуд!
Онҳо бо як овоз шодиомез нидо мекарданд! “ТОҶИКИСТОН!”
Гуфтанист,ки дар ҷараёни ин ҷустуҷӯҳо наҷотдиҳандагони КҲФ 78 ҷасади нафареро, ки бар асари заминларза ҷон бохта буданд, берун оварданд.
Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар Қаҳрамонмаръаш ва саросари қаламрави зилзилазади Туркия ба шиддат идома доранд!