Activities calendar

16 феврали 2023

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари тарма то 19-уми феврал боқӣ мемонад! ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  аз 17 то 19-уми феврали соли 2023 бар асари ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани анбӯҳи ҳавои намнок аз самти уқёнуси Атлантик ва баҳрҳои Миёназамин, Сиёҳ ва Хазар дар қаламрави мамлакат...

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо як ҳайат аз сохторҳои дигари давлатии кишвар ба ВМКБ рафт

Дар Хоруғ ва манотиқи дигар бар асари лағзиши тарма зарардида корҳои рафъи паёмадҳои он ба шиддати бештар идома дорад. Субҳи имрӯз бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба оилаҳои зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода...

Шумори куштагони тарма дар қаламрави ҷумҳурӣ ба 17 нафар расид

Бино ба  тозатарин хабар ҷасади як духтари ҷавон аз зери тарма дар ноҳияи Шуғнон берун оварда шуд ва бо ин шумори ҳалокшудагон дар лағзиши тарма зарфи рӯзҳои охир ба 17 нафар расид.

13 нафар дар шаҳри Хоруғ ҷони худро аз даст доданд. 2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.

Ҳамдардии Пешвои миллат ва таъсиси Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ гардид, ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори амиқи тасаллият карданд.

Имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳои заминларза дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия 168 ҷасадро берун оварданд (ВИДЕО)

Шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия аз зери харобаҳову вайронаҳо ҷасади бо 33 нафар қурбониёни заминларзаи Туркияро берун оварданд ва ба мақомоти дахлдор супурданд.

Теъдоди ҷасадҳои ёфтаи имдодгарони тоҷик аз зери биноҳои харобшуда   дар Туркия ба 168 нафар расид.

Хабарҳои расмӣ аз лағзиши тарма дар қаламрави кишвар

ХЕЛЕ МУХТАСАР:

  • Тарма дар Хоруғ 13 нафарро ҳалок кард, ки ду нафари онҳо ҳамагӣ ду сол доштанд.
  • Дар роҳи ҷаноза ду сокини ноҳияи Ванҷ низ зери трама монданд: якеро наҷот доданд, дуюмӣ ҳамоно ҷустуҷӯ мешавад.
  • Хатари тарма дар роҳҳои кӯҳии кишвар то 19-уми...