Activities calendar

17 феврали 2023

ФАВРӢ: Тармаҳо роҳҳоро мебанданд, селҳо ба таҳхонаҳои сокинон медароянд

Ҷойе барфи пуршиддат боиси лағзиши тарма мешавад, ҷойи дигар борон ба сел табдил мегардад, об дар каналу ҷӯйборҳо намеғунҷад ва ба таҳхонаи сокинон ворид мешавад. Ҳамаи ин ҳодисаҳои ҳамин рӯзанд, ки дар ноҳияҳои гуногун рух доданд.

Батафсилтар:

Ноҳияи Шуғнон

КҲФ: Хатари лағзиши тарма то 21-уми феврал боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки баъди бориши шадиди барф ва гарм шудани дамои ҳаво дар рӯзҳои 18-21 феврали соли 2023 дар  роҳҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, роҳҳои мошингарди Душанбе – Чаноқ, Нуробод-Рашт-Сангвор ва  ғарби ВМКБ, роҳҳои Душанбе-Дарвоз, Дарвоз-Ванҷ, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ҷилондӣ, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тарма меафзояд.

Имдодгарони тоҷик дар Қаҳрамонмаръаш боз 16 ҷасади ҳалокшудагонро берун овраданд, ки 8 нафари онҳо кӯдакон буданд

16 ҷасади ҳалокшуда

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта аз зери вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия 16 ҷасади ҳалокшудагонро берун овраданд, ки 8 нафари онҳо кӯдакон буданд.  Аз аввали оғози корҳои ҷустуҷӯву наҷот имдодагарони тоҷик ҷасади 196 куштаи заминларзаи Туркияро аз зери харобаҳо берун

Номаҳои изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

qasri-millat

Сарони кишварҳои дӯст ба унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба фоҷеае, ки тарма ба сари мардуми кишвар овардааст, номаҳои таслиятӣ равон кардаву ҳамдардии худро ба хонаводаҳои қурбониёни ин офати табиӣ иҳор доштаанд.

Дар зер баъзе аз ин номаҳоро истнодан ба сомонаи

69 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз. Шумори куштагони тарма 17 нафар эълон шуд

Tarma

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар 69 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Шумори қурбониёни тарма ба 17 нафар расид. Барф дар навоҳии кӯҳиии ВМКБ ба шиддат меборад. Хатари тарма ва резиши санг рафъ нашудааст. Роҳҳо аксаран бастаанд. Табиат бераҳмона зиндагии мардумро ба мушкил рӯбарӯ месозад.
Чунончӣ, 16 – уми феврали соли 2023 дар қаламрави