Номаҳои изҳори тасаллӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

qasri-millat

Сарони кишварҳои дӯст ба унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба фоҷеае, ки тарма ба сари мардуми кишвар овардааст, номаҳои таслиятӣ равон кардаву ҳамдардии худро ба хонаводаҳои қурбониёни ин офати табиӣ иҳор доштаанд.

Дар зер баъзе аз ин номаҳоро истнодан ба сомонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меорем.

Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,

ҳамдардии амиқи маро дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қабул фармоед.

Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони нафарони бар асари офати табиӣ халокшуда, ҳамчунин таманниёти шифои оҷилро ба ҳамаи осебдидагон расонед».

Аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров  

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Хабари ба ҳалокат расидани мардум бар асари фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 феврали соли 2023 ба амал омад, боиси андуҳи ин ҷониб гардид.

Аз номи худ ва тамоми мардуми Қирғизистон ба  аҳли оила ва наздикони ҳалокшудагон таъзия ва ҳамдардии моро мерасонам.

Барои ҳамаи осебдидагон аз даргоҳи Худованд шифои оҷил хоҳонам».

Аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Мо дар Ҷумҳурии Беларус хабари талафоти одамон ва харобиҳои зиёдро бар асари тармафароӣ дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсосоти изтироб ва ҳамдардӣ дарёфтем.

Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқ арз менамоям.

Хоҳишмандам суханони самимии ҳамдастӣ ва таманниёти шифои комили маро ба осебдидагон бирасонед.

Умед дорем, ки оқибатҳои ин офати табиӣ ҳарчи зудтар рафъ хоҳанд гардид ва манотиқи зарардида ба маҷрои муътадили зиндагӣ хоҳанд баргашт».

барчасп: