Ҳушдори КҲФ аз вуруди ҳавои сарду боронии сибирӣ ба Тоҷикистон
Чоп шуд: 24/02/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи вуруди як ҷараёни ҳавои сард аз Сибири Ғарбӣ рӯзи 25-уми феврал дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаву ноустувор дар назар дошта шудааст.
25 феврал дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон, навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ барфу борони пуршиддат меборанд ва дамои ҳаво 10-12 дараҷаи коҳиш меёбад.