Соли гузашта дар Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода сабт шудааст (ВИДЕО)
Чоп шуд: 07/02/2023 | adminСоли 2022 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи (соли 2021 – 359) табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз он 46 ҳодиса ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва аҳолӣ зарар расонид. Бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар (соли 2021 низ 8 нафар) шаҳрвандони кишварҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигрони изҳор дошт.