КҲФ: Ҳамкориҳо бозҳам тақвият ёфтаанд

Дар доираи таҷлили Рӯзи мудофиаи гражданӣРаёсатиКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣдар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллииҳокимият, аз ҷумла Раёсати оташнишонӣШӯъбаикорҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣХадамоти ёриитаъҷилӣ ва ризокорони Кумита ва бо дастгирии ФондиТоҷикистонии Оғохон (ФТО), дар ноҳияи БобоҷонҒафуров машқи муштараки идоракунии ҳолатҳоифавқулодда (SIMEX) баргузор карда шуд.

Машқи мазкур бо мақсади мустаҳкам намудани сатҳиомодагӣ ва баланд бардоштани қобилияти вокуниш ба офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда роҳандозӣгардид.

Дар ҷараёни машқи мазкур унсурҳо мутобиқ ба машқҳоилова карда шуд. Бахусус хомӯш кардани сӯхторҳои шартӣ, наҷоти зарардидагон ва расонидани ёрии аввалини тиббироамалӣ намуданд. Ҳамзамон, аъзои ҷомеаи маҳаллӣ ҳамчун“зарардидагон” дар машқ иштирок намуда, ба воқеиятназдик сохтани сенарияҳои ҳолатҳои фавқулодда саҳмгузоштанд.

Қобили зикр аст, ки машқи мазкур дар доираи лоиҳаи«Ташаббуси рушди сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистонва Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, аз ҷонибиИттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардидааст. Дар доираиҳамин лоиҳа, Фонди Тоҷикистонии Оғохон (ФТО) 8000 литр сӯзишвориро барои дастгирии татбиқи лоиҳаҳои хурдикоҳиши хавфи офатҳо ва баланд бардоштани устувориимаҳаллӣ ҷудо намуд.

Дар нимаи дуюми рӯз маросими расмии супориданитаҷҳизоти наҷотдиҳӣ ба дастаи минтақавии наҷот баргузоргардид. Таҷҳизоти мазкур низ дар доираи лоиҳа харидорӣшуда, бешубҳа ба таҳкими иқтидори дастаҳои вокунишиминтақавӣ дар муқобили таъсири тағйирёбии иқлиммусоидат хоҳад кард.