Раёсати Хатлон

КҲФ: Пешгирӣ аз ғарқшавӣ дар вилояти Хатлон

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, дар масҷиди ҷомеи деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх вохӯрӣ бо намозгузорон баргузор гардид.

Ин вохӯрӣ қабл аз адои намози ҷумъа баргузор шуда, дар он Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон ва 

Машқи тирпарронӣ дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Рӯзи 2-уми июли соли 2025 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, сайқал додани маҳорату малакаи хидматчиёни ҳарбӣ оид ба тирпаронӣ аз силоҳи оташфишон, обутоби рўҳию ҷисмонии онҳо дар машқгоҳи тирандозии «Сарбанд»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Левакант тамринҳо гузаронда шуд.

Дар ин тарин хидматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои 

Пайдо кардани ҷасади як ноболиғи ғарқшуда дар канали Сталин воқеъ дар ноҳияи Вахш

ҷасади як ноболиғ

Як писари 16-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Сафеддашти ноҳияи Вахш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари Сталин дар об ғарқ шудааст. Ин ҳодиса 3-уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 14:30 дақиқа рух додааст

Худи ҳамон рӯз бо дарёфти хабар  наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали

Семинари омӯзишӣ оид ба огоҳсозии бармаҳал ва чораҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб

Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дар Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти тиббӣ, хадамоти тартиботи ҷамъиятӣ ва волонтёрон семинар дар мавзӯи «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» баргузор гардид.

Аз тарафи дастаи наҷотдиҳандагони шуъбаи минтақавӣ ба ҳозирин намоиши таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва саҳнаи таклидии наҷоти шаҳрвандони осебдида аз бинои бисёрошёна пешниҳод карда шуд.

Машқи заминларза дар Кӯлоб

Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, дар хадамотҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рӯзҳои 29–31 майи соли ҷорӣ машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ таҳти мавзӯи "Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми рух додани ҳолати фавқулода (заминларза)" баргузор гардид.

Страницы