Раёсати Хатлон

Семинари омӯзишӣ оид ба огоҳсозии бармаҳал ва чораҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб

Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, дар Шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб бо ҷалби хадамоти мудофиаи гражданӣ, хадамоти оташнишонӣ, хадамоти тиббӣ, хадамоти тартиботи ҷамъиятӣ ва волонтёрон семинар дар мавзӯи «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» баргузор гардид.

Аз тарафи дастаи наҷотдиҳандагони шуъбаи минтақавӣ ба ҳозирин намоиши таҷҳизоти наҷотдиҳӣ ва саҳнаи таклидии наҷоти шаҳрвандони осебдида аз бинои бисёрошёна пешниҳод карда шуд.

Машқи заминларза дар Кӯлоб

Тибқи нақша-чорабиниҳои асосии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, дар хадамотҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рӯзҳои 29–31 майи соли ҷорӣ машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ таҳти мавзӯи "Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми рух додани ҳолати фавқулода (заминларза)" баргузор гардид.

Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ, аз ҷониби кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо сарбозони қисми ҳарбии 45085-и КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.

Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Темурмалик

Рӯзҳои 23-25 апрели соли 2025 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи гражданӣ, раисон ва аъзоёни комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, сардорони мудофиаи граждании хадамотҳо, зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ноҳия оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои

Тамринҳои ғайринақшавӣ дар вилояти Хатлон

Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар асоси амри Раиси вилояти Хатлон, ки 6-уми феврали соли 2025 таҳти унвони “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби кувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ” содир шуд, аз санаи 12 феврали соли 2025 тамринҳои ғайринақшавӣ оғоз шуд ва ҳадаф аз он омодагӣ ба офатҳои табии эҳтимолӣ, пешгирӣ аз селу ярч ва дигар падидаҳои харобиовар мебошад.

Страницы