Тамринҳои ғайринақшавӣ дар вилояти Хатлон

Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар асоси амри Раиси вилояти Хатлон, ки 6-уми феврали соли 2025 таҳти унвони “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби кувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ” содир шуд, аз санаи 12 феврали соли 2025 тамринҳои ғайринақшавӣ оғоз шуд ва ҳадаф аз он омодагӣ ба офатҳои табии эҳтимолӣ, пешгирӣ аз селу ярч ва дигар падидаҳои харобиовар мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар доираи машқҳои ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ (гузаронидани корҳои соҳилбандӣ, тоза кардани каналҳо, селроҳаҳо, селпартоҳо, сойҳо, заҳбуру заҳкашҳо, тайёр кардани тахтасангҳои оҳану бетонӣ, кашонидани партобҳо ва шинонидани дарахтҳо) иҷро карда мешавад.

Корҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулода дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз, 14 феврал гузаронида шуд. 

Аксҳо аз ҷараёни баргузории тамринҳо бо ҷалби техника ва аҳолии маҳаллӣ.