Activities calendar

28 феврали 2025

КҲФ ОГОҲӢ МЕДИҲАД: ҳавои ноустувор ва сар задани офатҳои табиӣ дар назар аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки 2-3 марти соли ҷорӣ дар пайи воридшавии анбӯҳи ҳавои сард, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои ноустувор бо зуҳуроти хавфноки табиӣ пешгӯӣ мешавад.

Машқи тактикӣ дар Хоруғ: Кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ ҳангоми тарма

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ ба маълумоти умумӣ мерасонад, ки бо мақсади баланд бардоштани савия ва дониши наҷотдиҳандагон дар самти корҳои кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ, тибқи фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, №23 аз 26.02.2025 машқи махсуси тактикӣ дар мавзӯи “Иҷрои корҳои кофтукобӣ-наҷотдиҳӣ ҳангоми фаромадани тарма ва зери тарма мондани нақлиёти мусофирбар” дар ҳудуди шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.