КҲФ ОГОҲӢ МЕДИҲАД: сар задани зуҳуроти тарма боқӣ мемонад
Чоп шуд: 26/02/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки дар рӯзҳои 27-28 феврали соли ҷорӣ бинобар боришоти зиёд дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли сар задани зуҳуроти тарма боқи мемонад.