Таҷлили Рӯзи Модар дар КҲФ (Видео)

Рӯзи Модар дар КҲФ

6 –уми марти соли 2025 дар остонаи Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа бо суханонти муқаддамотӣ Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ суханронӣ ва бонувонро ба муносибаи Рӯзи Модар муборакбор кард.

“Дар арафаи ид ман мехоҳам, ки шумо, бонувони азизро ба Рӯзи Модарон табрик намоям. Зан имрӯз на танҳо посдори хонаводаву равшанкунандаи чароғи хонадон аст, балки иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар мебошад. Дар ҷомеаи муосир шумо бояд бо занон баробари мардон масъалаҳои мураккабро ҳал кунед ва шумо аз ӯҳдаи онҳо бомуваффақият мебароед.

Мехохам ба шумо барои меҳнати ҳамарӯза, барои хидмататон аз тахти дил ташаккур гӯям. Бароятон комёбиҳои беназир, ҳама хушиҳои олам, тансиҳатӣ ва хушбахтии оилавӣ таманно дорад. Идатон муборак!, - гуфт сарвари Кумита.

Ба муносибати ид ба ҳама бонувони гул ва туҳфаҳо супурда шуданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки ҳамасола дар КҲФ Рӯзи Модар ботантана ҷашн гирифта мешавад ва қадрдонии заҳамоти рӯзафзуни бонувон ба ҳукми анъана даромадааст.