Варақаи матбуотӣ

Дар соҳили Кофарниҳон ҷасади ҷавонзани 22-сола пайдо шуд

Боз як ҷасад аз соҳили дарё пайдо шуд. Ин бор ҷавонзани 22-солае, ки боз ҳам иллати маргаш дақиқ нест. Аммо пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва моҳе қабл аз хона баромадаву барнагашта буд. Ин ҳодиса дирӯз, баъди аср рух дод ва кормандони Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷасадро ба соҳибонаш супурданд.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон чӣ менависад?

Имрӯз, 25 март, 50 нафар афсарону сарбозони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, беш аз 400 нафар волонтёрони ҷавон, зиёда аз 30 нафар миробҳо ва мутахассисони Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ба маъракаи рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон пайвастанд.

Охирин хабарҳо аз минтақаҳои селзадаи вилояти Хатлон. Боздиди муовини Сарвазири кишвар аз маконҳои осебдида

Дар ду ноҳияи вилояти Хатлон корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Ҳамчуноне қаблан ҳам хабар дода будем, рӯзи 21-уми март бар асари боронҳои шадид дар деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳияи Хуросон ва деҳаҳои  Меҳробод, Зафаробод, Қумриободи ҷамоати Гулистон ва Ҳулбуки ноҳияи Восеъ сел омад ва ба қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои кишт ва хонаву ҳавлии сокинон даромада зарар расонд.

Заминларза дар Тоҷикистон. Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст

Субҳи имрӯз, 26 марти соли 2020 соати 09:44  дақиқа  бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази зилзила 220 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 98 км шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд ва 24 км аз шаҳраки  Шайдони ноҳияи Ашт, дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон   буд.

Бино ба гузориши созмони зилзиласанҷии кишвар қувваи

Садама дар роҳи Душанбе-Рашт як кушта ва 7 захмӣ ба ҷой гузошт. КҲФ ҳушдор медиҳад: Эҳтиёт кунед!

Соати 1330 дақиқаи рўзи 20 – уми марти соли 2020 дар километри 115-уми шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, мавзеьи дашти Сороғи ноҳияи Нуробод автомашинаи тамғаи Хундай-старекс рақами давлатиаш 01-36 SS 07 ба харсанги азим бархӯрдааст ва дар натиҷа як мусофир дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, 7 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони Нуробод бистарӣ шудаанд.

Страницы