Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр
Чоп шуд: 29/03/2025 | redaktor
Ҳамдиёрони арҷманд!
Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди сайиди Фитр, ки яке аз ойинҳои муқаддаси дини мубини ислом мебошад, фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.