Таҳлили омори рӯйдодҳо ва шумори куштаҳои офоти табиӣ дар ҷаҳон
Чоп шуд: 26/03/2025 | redaktor
Дар таърихи башар бар асари офатҳои табиӣ одамони зиёде ба ҳалокат расиданд ва имрӯз мутаассифона, ҳеч омори дақиқи маргумир дар ин ҳаводис вуҷуд надорад.
Дар таърихи башар бар асари офатҳои табиӣ одамони зиёде ба ҳалокат расиданд ва имрӯз мутаассифона, ҳеч омори дақиқи маргумир дар ин ҳаводис вуҷуд надорад.
25 марти соли 2025 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Тзи Шумин баргузор гардид.
(Дар ҳошияи эълон гардидани “Соли 2025 - соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо”, ки санаи 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад) Яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри XXI бо он рӯ ба рӯ гардидааст, тағйирёбии иқлими Сайёра ва обшавии захираи пиряхҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ин тағйирёбии иқлим, ки бо баланд шудани ҳарорат ба гузариши раванди биёбоншавӣ, камшавии захираҳои об, обшавии пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Сайёра (аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёдшавии миқдори ҳолатҳои фавқулода оварда расонидааст. Дар навбати худ ин ҳодисаҳо ба коҳишёбии захираҳои табиӣ ва сабаби мушкилоти зиёде дар фаъолияти меҳнатӣ ва иҷтимоии инсон шуда истодааст. Норасоии об, маҳсулоти ғизоӣ, фақр, муҳоҷирати экологӣ, мисоли ин ҳодисаҳо мебошанд.