Мулоқот ба Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин

25 марти соли 2025 мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Тзи Шумин баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ба меҳмон барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда,  дар бораи офатҳои табиии дар кишвар рухдода, хисороти расидаи онҳо ва кумакҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба осебдидагон расида маълумот дод.

 Раиси КҲФ ҳамчунин аз ҳамкориҳои судманд дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо Ҷумҳурии Мардумии Чин сухан гуфт. Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ пешниҳод кард, ки соли 2025 санади ҳамкориҳои байниидоравӣ  бо мақсади густариши ҳамкорӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ имзо шавад.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба ва технологияҳо дар системаи огоҳсозии бармаҳал, вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, инчунин ташкили курсҳои омӯзишӣ барои омода намудани мутахассисони соҳа баррасӣ шуданд.

Раиси Кумита тавсеъаи равобити Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар ин замина муҳим арзёбӣ кард ва иброз дошт, ки Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. 

Ҷаноби Сафир дар навбати худ итминон дод, ки талошҳои муштаракро ҷиҳати амиқтар кардани ҳамкориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ идома медиҳад.

Дар рафти сухбат дар масъалаҳои барои ду ҷониб манфиатовар ва мавриди таваҷҷуҳ  мубодилаи табодули афкор сурат гирифт. 

барчасп: