видео

Таҷлили Рӯзи Модар дар КҲФ (Видео)

Рӯзи Модар дар КҲФ

–уми марти соли 2025 дар остонаи Рӯзи Модар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа бо суханонти муқаддамотӣ Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ суханронӣ ва бонувонро ба муносибаи Рӯзи Модар муборакбор кард.

Ҳушдор аз боронҳои пуршиддат, эҳтимоли омадани селҳо ва жолаву раъду барқ дар рғзҳои 24-25 май (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 24-24 майи соли 2024 дар ҷумҳурӣ боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва жола  пешбинӣ шудааст. Дар ин рӯзҳо шамол бо шиддати 10-15м/с ва дар баъзе ноҳияҳо ба шиддати 13-18м/с хоҳад вазид.

Шумори куштаҳои заминларзаи Марокаш ба 2421 нафар расид (ВИДЕО)

Вазорати корҳои дохилии Марокаш шумор куштагони заминларзаи ахир дар ин кишварро 2421 нафар эълон кард. Аз захмиву маҷрӯҳ шудани 2159 нафар низ хабар дода мешавад, ки 1504 тани онҳо дар ҳоли вазнин мебошанд.

Заминларзаи шадид ҷануби Марокашро рӯзи 9-уми сентябри соли 2023 такон дод, ки қувваи он дар марказаш 70 км...

Ҳаводиси шабонарӯзи гузаштаи кишвар (ВИДЕО)

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ  аз як сел дар деҳаи Мадми ҷамоати деҳоти Урметани ноҳия хабар дод, ки рӯзи 6-уми августи соли равон наздик ба соати 23:50 дақиқа бар асари боронҳои пуршиддат омадааст. Дар натиҷа лойю лойоба ба 4 хонаи истиқоматӣ, 4 хоҷагии ёрирасон, 300 метр роҳи деҳа, зироатҳои кишоварзӣ қисман зарар расондааст.

Вазъ дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ баъди офати табиӣ. Хабари расмӣ (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар селе, ки рӯзи 28-уми июли соли равон омад, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ 161 хоҷагӣ зарар дидааст. 16 хонаи истиқоматии сокинон зери об монда, 64 иншооти ёрирасон қисман зарар дидааст ва 81 қитъаи замини наздиҳавлигӣ бо лою лойоба пур шудааст.

Страницы