Имдодгарони тоҷик дирӯз боз 26 ҷасади ҳалокшудагонро аз вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаш берун оварданд. Шумори қурбониёни заминларзаи Туркяи ва Сурия аз 40 ҳазор гузашт (ВИДЕО)
Чоп шуд: 15/02/2023 | redaktor
Дирӯз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия аз зери харобаҳо боз 26 ҷасади қурбониёни заминларзаи ахирро берун оварданд. Аз оғози ширкат дар амалиёти наҷот ва рафъи паёмадҳои зилзилаи Туркия наҷотдиҳандагони тоҷик 136 ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдори Туркия супурданд. Ҳамчунин дар ин муддат се нафарро дар харобаҳо наҷот доданд, ки ду нафари онҳо тифлони аз шашмоҳа то сесола буданд.