Дирӯз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия аз зери харобаҳо боз 26 ҷасади қурбониёни заминларзаи ахирро берун оварданд. Аз оғози ширкат дар амалиёти наҷот ва рафъи паёмадҳои зилзилаи Туркия наҷотдиҳандагони тоҷик 136 ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдори Туркия супурданд. Ҳамчунин дар ин муддат се нафарро дар харобаҳо наҷот доданд, ки ду нафари онҳо тифлони аз шашмоҳа то сесола буданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ шабонабарӯзӣ кор мекунанд, вақт қиммат аст, ҳарчанд эҳтимоли зиндамондагон дар зери харобаҳо кам аст, вале умедҳо зиндаанду бояд ҷусту бояд талоши бештар кард.
Бино ба оморҳои ахир шумори ҳалокшудагон дар заминларзаи Туркия ва Сурия аз 40 ҳазор нафар гузашт. Раҷаб Тайип Эрдуғон ахиран теъдоди ҷонбохтагони зилзила дар Туркияро бештар аз 35 ҳазор эълон кард. Дар Сурия бошад то кунун аз марги беш аз 5 ҳазору 800 нафар хабар дода мешавад.
Дар як омори дигар омада, ки 4,6 миллион кӯдакон дар 10 вилояти зилзилазади Туркия зарар дидаанд. Дар Сурия бошад аз ин заминларза 2,5 милллион атфол ҷабр дидаанд. Дар ин бора ахиран котиби матбуотии ЮНИСЕФ Ҷеймс Элдер ба жуналистон хабар дод.