Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Асад
Чоп шуд: 06/02/2023 | adminИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия муҳтарам Башар Асад барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари заминларзаи шадид дар кишвари дӯсти Сурия, ки боиси фавтидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон гардида, хисороти ҳангуфтеро дар пай дошт, муҷиби андӯҳи беандозаи мо гардид.