Activities calendar

15 феврали 2023

Вазъи вобаста ба лағзиши тарма дар саросари кишвар то соати 15:00 рӯзи 15 феврал. Хабари расмӣ

ХЕЛЕ МУХТАСАР:

  • Чор мошини сабукрав дар роҳи Душанбе Варзоб зери тарма монданд.
  • Ронандаи яке аз ин мошинҳо ҳалок шуд.
  • Ронандагон ва мусофирони мошинҳои дигар наҷот дода шуданд.
  • Дар Ванҷ як нафар зери тарма монд ва ҷон бохт.

Тарма дар Хоруғ. Хабари расмӣ (ВИДЕО)

Бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғи ВМКБ 8 нафар сокинони маҳаллӣ (писар ва духтари чорсола, чор зан) ба ҳалокат расиданд. Бо талоши наҷотдиҳандагон то соати 14:00 дақиқаи 15-уми феврали соли 2023  нуҳ нафар сокинони зери тармамонда наҷот дода шуданд.

Дар ин офати табиӣ 22 хонаи истиқоматии сокинон зарар дид: 4 хона пурра ва 18 хона қисман хароб гардид.

Суҳбати телефонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба боришоти барфи шадиду фаромадани тарма, ки боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ шудааст ва оид ба бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Тарма як мошину даҳ мусофирашро ба умқи панҷметрае ба самти рӯди Шоҳдара партоб кард. Мусофирон осеб дидаанд; талафоти ҷонӣ нест

Як мошин бо даҳ мусофир ва ронандаашро тарма дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа ба умқи панҷметраи соҳили рӯди Шоҳдара партоб кард. Хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набуд, вале ҳамаи мусофирон  ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд

Ин ҳодиса дирӯз, 14-уми феврал дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух дод. Мошини “Toyota-микроавтобус”...

Имдодгарони тоҷик дирӯз боз 26 ҷасади ҳалокшудагонро аз вайронаҳои шаҳри Қаҳрамонмаръаш берун оварданд. Шумори қурбониёни заминларзаи Туркяи ва Сурия аз 40 ҳазор гузашт (ВИДЕО)

Дирӯз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия аз зери харобаҳо боз 26 ҷасади қурбониёни заминларзаи ахирро берун оварданд. Аз оғози ширкат дар амалиёти наҷот ва рафъи паёмадҳои зилзилаи Туркия наҷотдиҳандагони тоҷик 136 ҷасадро пайдо ва ба мақомоти дахлдори Туркия супурданд. Ҳамчунин дар ин муддат се нафарро дар харобаҳо наҷот доданд, ки ду нафари онҳо тифлони аз шашмоҳа то сесола буданд.

Фаврӣ: Тарма ба чанд хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ зарар расонд!

Субҳи имрӯз тақрибан соати 10 дар қаламрави шаҳри Хоруғ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса чандин хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд. Дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоят фаъолият доранд.