Як мошин бо даҳ мусофир ва ронандаашро тарма дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа ба умқи панҷметраи соҳили рӯди Шоҳдара партоб кард. Хушбахтона дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набуд, вале ҳамаи мусофирон ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд
Ин ҳодиса дирӯз, 14-уми феврал дар қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух дод. Мошини “Toyota-микроавтобус” аз ҷониби як сокини 36-солаи деҳаи Риҷести ҷамоати деҳоти Тусёни ноҳияи Роштқалъа идора мешуд ва аз шумори 10 нафра мусофиронаш ду нафар занон буданд. Ин мошин аз шаҳри Хоруғ берун шудаву ба самти Тусён дар ҳоли ҳаракат буд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ ва дастаи имдодгарони ихтиёрии Хазинаи Оғохон оид ба зистгоҳ ба зудӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва маълум шуд, ки ҳамаи мусофирон зиндаву саломатанд, вале ҳамагӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Онҳоро ба зудӣ ба беморхона интиқол доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз ронандагони мошинҳо хоҳиш мекунад ҳангоми сафар дар роҳҳои кӯҳӣ басо эҳтиёткор бошанд.
Аз сокинон бо эҳтиром хоҳиш карда мешавад аз сафарҳои бидуни зарурат ба мавзеъҳои тармахез муваққатан худдорӣ намеоянд.