Фаврӣ: Тарма ба чанд хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ зарар расонд!

Субҳи имрӯз тақрибан соати 10 дар қаламрави шаҳри Хоруғ лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса чандин хонаҳои истиқоматӣ зарар диданд. Дар ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, қувва ва воситаҳои Системаи ягонаи давлатии рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоят фаъолият доранд.

Барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

барчасп: