Зарфи 18 соати кор дар минтақаи зилзилазадаи шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зери вайронаҳо 31 ҷасадро берун оварданд ва ба мақомоти марбута супурданд. Аз ғози корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар ин минтақаи офатзада имдодгарони тоҷик аз зери харобаҳо 109 ҷасадро берун оварданд.
Ҳамчунин дар ин рӯзҳо ҷони се нафарро аз хатари марг наҷот доданд, ки ду нафари онҳо тифлони аз шашмоҳа то 3-сола буданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ ҳамроҳ бо имдодгарони дигари байналмилалӣ ва маҳаллӣ дар шаҳри Қаҳрамонмаръаш дар шароти басо мушкил кор мекунанд. Онҳо бо воситаи таҷҳизоти вижа зери ғарами оҳану бетон, чангу хок вуҷуд додани одами зиндаро муайян мекунанд ва филҳои аз пайи наҷоти ӯ мешаванд.
Ва ё мурдагони ин офати табииро аз зери харобаҳо бо сад мушкил ва бо риояи ҳамаи қоидаҳои бехатариву беҳдоштӣ берун меоранд. Ғайр аз ин мутахассисони тоҷик ба офатзадагон ёриҳои аввалии тиббиро низ мерасонанд.
Имдодгарони КҲФ дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот таҷрибаву дониши худро хуб истифода мекуннад, метавонанд аз техникаи ковишкунанда басо хуб истифода кунанд. Маҳз ҳамин буд, ки дар ин муддат касонеро ҳам наҷот доданд, ки муддати шаш ва ҳафт шабонарӯз зери ин тӯдаи сангу хок зинда монда буданд.
Бо гузашти рӯзҳо ҳамоно имкони зинда пайдо кардани одамон дар зери харобаҳо кам мешавад, аз ин рӯ, наҷотдиҳандагони КҲФ талош мекунанд ҳарчи бештар ва зиёдтар кор кунанд.
Қарор аст корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар манотиқи зилзилазада то замоне идома кунад, ки шахсияти ҳамаи бенишон гумшудагон мушаххас нашавад.