видео

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда аз боронҳои шадиди рӯзҳои 10-16 май (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 10 то 16-уми моҳи майи соли 2022 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боронҳои пуршиддат, шамоли сахт, жола, раъду барқ метавонанд як муддати ба зиндагии сокинон мушкилиҳо оваранд.

Кумита огоҳ месозад, номусоидии боду ҳаво хавфу хатар дорад! (ВИДЕО)

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар 15-18 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ноустувории вазъи обу ҳаво боқӣ монда, боришот (дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ борон, дар баландиҳои 2500 метр борон ва барфи тар) дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд.

Рӯзҳои 15 ва 18 марти соли 2022  дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти...

18 ҳодисаи лағзиши тарма дар як шабонарӯз. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД! (ВИДЕО)

9 марти соли 2022 дар роҳи мошингарди  Душанбе – Варзоб (километрҳои 57, 58, 67,68 ва 71), Душанбе - Хоруғ (километрҳои 478 ва 497), Хоруғ-Ишкошим (километри 29) ва роҳи  Душанбе – Хоруғ – Мурғоб (километри 58) 18 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.

Барои тоза кардани роҳ аз барфтӯда хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» (IRS) ва

Ширкати 173 хизматчии ҳарбии Кумита дар 21 семинар, конфронс ва тамрину давраҳои омӯзишӣ (ВИДЕО)

Бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин баланд бардоштани тахассуси онҳо бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар масъалаҳои алоқаманд ба пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ соли 2021 173 нафар хизматчиёни ҳарбии Кумита дар 21 семинар, конфронс, вохӯриҳо, давраҳои омӯзишӣ, тамринҳо дар хориҷи кишвар ширкат намуданд.

Дар КҲФ Паёми солонаи Сарвари давлатро шуниданд

21 декабри соли 2021 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи раёсату шуъбаҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.

Ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии Кумита дар толори маҷлис ҷамъ омад ва гузориши мустақими...

Страницы